Бо мақсади беҳтар намудани шароити кории кормандон, вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободонӣ дар арафаи 32-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурии шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Кумиҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳия, муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ба истифода дода шуд. Бино бо дастгирии бевоситаи Раиси Кумита, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар муддати кӯтоҳ аз таъмир бароварда шуда, аз ду ошёна ва 7 ҳуҷраҳои корӣ иборат мебошад. Майдони умумии ҷудо гардида 6 га буда, ошёнаи якум аз 2 утоқи корӣ ва толори калон, ошёнаи дуюм аз қабулгоҳ ва 5 утоқҳои корӣ барои кормандон иборат буда, ҳамаи онҳо аз тарафи Кумита ва соҳибкорони маҳаллӣ бо лавозимотҳои зарурӣ таҷҳизонида шудааст.
Бинои маъмурии шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пас аз таъмир ба истифода дода шуд
Add comment