Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз Ғуфрон ба муносибати 32-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ

  Фарорасии ҷашни бузурги миллат 32-умин солгарди Истиқлоли Ватани азизамонро, ки баёнгари эҳсоси ватандорист ба Шумо самимона табрику таҳният  мегӯям. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ таъкид намуданд, ки «Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад». Барҳақ истиқлолият рамзи соҳибдавлативу ватандории кишвари мост, ки дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ  дар муддати ин солҳо корҳои зиёди ободониву созандагӣ дар кишвар ба анҷом расиданд. Аз ҷумла дар самти ҳифзи муҳити зист низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд, ки барои беҳбудӣ бахшидани фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд. Бо эҳтиром ва ифтихори бузург ҳамаи онҳое, ки дар муҳофизати табиати диёр ва беҳдошти муҳити зист саҳмгузоранд, дӯстдорони табиати нотакрори кишвари биҳиштосоямонро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ  табрику таҳният гуфта, бароятон ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадият, ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоем. Фархунда бод ҷашни истиқлолу озодӣ!

Скачано с веб-сайта JooMix.org.