Аз соли 1995 инҷониб ҷомеаи ҷаҳонӣ санаи 16 сентябрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон таҷлил менамоянд, ки ин бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба имзо расидани Протоколи Монреал (1987) ба амал омадааст. Нақши қабати озон дар ҳаёт хеле муҳим буда, барои мавҷудияти ҳаёт дар рӯи замин нақши муҳимро мебозад. Он ҳамчун сипар инсон ва дигар мавҷудоти зиндаро аз таъсири хатаровари нуриҳои зарарноки ультрабунафши офтоб муҳофизат менамояд. Камшавии миқдори озон дар қабати он ба пастшавии қобилияти муҳофизавии он оварда мерасонад ва дар натиҷа таъсири радиатсияи ультрабунафш ба муҳити зист ва саломатии инсон зарар мерасонад, бахусус ба суст шудани масъунияти бадани одам аз сабаби вайроншави ДНК, пайдошавии бемориҳои саратони пӯст, катарактаи чашм, диққи нафас, харобшавии асаб, шуш ва дигар бемориҳо оварда мерасонад. Ҳамчунин дар натиҷаи афканишоти нурҳои ултрабунафш таъсири манфӣ ба зироатҳои хоҷагии қишлоқ мерасад, бахусус онҳо боиси тағйиротҳои ҷиддии таркиби химиявии растаниҳо мегарданд. Баландшавии радиатсия ба сифати маҳсулотҳо ба монанди помидор, картошка, лаблабуи қанд, карам, лӯбиё таъсир расонида, сифати онҳоро паст менамояд.
Ба олами набототу ҳайвонот, аз қабили обсабзҳои гуногун, моҳичаҳои навзод, харчангҳои хурд, ки ғизои ҷонварони калони баҳрию дарё ба шумор мераванд, таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар ин самт корҳои муайян амалӣ гардида истодааст. Дар натиљаи гузаронидани амалиётҳои назоратӣ дар миқёси вилоят 26 адад корхонаҳои бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озон фаъолиятбаранда ба қайд гирифта шуд. Аз онҳо 24 адад иљозатнома доранд ва боқимонда 2 корхона дар айни замон фаъолият намебаранд. Тибқи нақшаи корӣ нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нуқтаҳои таъмири яхдонҳо, сехҳои яхмосбарорӣ, корхонаҳои коркарди маҳсулоти ширӣ, мағозаҳои фурӯши фрион ва яхдонҳои нигаҳдории маҳсулотро санҷида, пешниҳодҳои ҳатмӣ оид ба нигаҳдорӣ ва ба расмият даровардани таҷҳизотро пешниҳод менамоянд. Ҳамзамон корҳои ташвиқотӣ ва фаҳмонидадиҳӣ гузаронида мешавад. Бо назардошти аҳамият ва ҷиддияти вазъи экологӣ яке аз принсипҳои Консепсия, ки рушди босуботи инсонро ба роҳбарӣ мегирад ва вазифаи муҳимтарини он баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ба шумор меравад.