Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо мақсади таъмини иҷрои пурраи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» ҳамкории зич ва судмандро бо Ташкилоти ҷамъиятии«Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва Раёсати маорифи вилоят роҳандозӣ намудааст. Бо назардошти амалӣ гардидани лоиҳа ҷиҳати рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон дар 6 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истиқлол ва 4 адад чунин муассисаҳои ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров, ҳамагӣ 10 дастаҳои раванди «Нозирони сабз» таъсис ёфта, дар давоми ду соли охир як қатор чорабиниҳои омӯзишӣ ва амалии экологӣ баргузор гардид. Тибқи нақшаи ҳамкорӣ, санаҳои 6 – 8 октябри соли 2023, 16 нафар аъзоёни фаъоли раванди «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таълимии болозикр, ҳамчунин намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Раёсати маорифи вилоят, шуъбаҳои маорифи шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Б.Ғафуров, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», дар маҷмуъ 8 нафар бо мақсади иштирок дар лагери экологии сайёр ба шаҳри Янгиободи Ҷумҳурии Ўзбекистон сафар доштанд.
Дар давоми ду рўз корбарии дастаҷамъона бо намояндагони «Нозирони сабз»-и шаҳри Дукенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ба амал омада, аз ҷониби як нафар инструктор - омӯзгор, устоди варзиш оид ба туризми кӯҳӣ,ғолиби номинатсия «Мураббии сол - 2023» ва 2 нафар инструктор — роҳнамои кӯҳӣ як қатор мастер – класс ва дарсҳои омўзишии амалӣ, асосан вобаста ба сайёҳии экологӣ гузаронида шуд. Ҳамзамон, саёҳатитаълимӣ ваамалиисайёҳиикӯҳӣ ба «Дараи Чилтенсой»-и Тян-Шони ғарбии ноҳияи Охангарони вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон ва бозиҳо ба намуди викторина бо дастаҳои «Нозирони сабз» баргузор гардид. Дар интиҳои сафар ба иштирокчиёни лагери экологии сайёр аз вилояти Суғд тўҳфаҳои хотиравӣ, сертификат оид ба гузаштани мастер – класс ва маълумотнома дар бораи амалӣ намудани саёҳатикӯҳӣ аз тарафи ташкилкунандагон супорида шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба ташкилкунандагон Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки баргузории лагери экологии сайёр бо дастгирии Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Ўзбекистон ба амал омад.