Сўзонидани партов ва баргҳои дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо, майдону боғҳо ва гулгашту боғҳои фарҳангу фароғатӣ қатъиян манъ аст. Фасли тирамоҳ дар баробари фасли заррин будан, боз мушкилотҳоеро ба миён меорад, ки кормандони соҳаи коммуналӣ барои халосӣ аз он танҳо як “усул” -ро ба кор мебаранд, ки ин сўзиши хазон мебошад. Мутобиқ ба таҳлилҳои мутахассисони соҳаи муҳити зист роҳ додан ба сўзонидани партов боиси хурӯҷи касалиҳои диққи нафас гардида, нороҳатии шаҳрвандонро ба миён меорад. Таъкид менамоем, ки дар қатори дигар партовҳои аз рӯзгор ҳосилшаванда барги хазоншуда низ ба партов табдил меёбад ва дар бисёр ҳолатҳо барои аз партовҳо раҳоӣ ёфтан кормандони соҳаи коммуналӣ ва дигар шахсони вобаста шуда, ба оташ задани барги хазонгашта даст мезананд. Бехабар аз он ҳастанд, ки дар натиҷаи сӯхтани ин гуна мавод ба ҳавои атмосфера моддаҳое ба саломатии мавҷудоти зинда зарраррасон, ба монанди дуда, оксиди карбон, ангидриди олтингӯгирд, оксидҳои нитроген ва диоксинҳою фуран, ки ба гурӯҳи моддаҳои устувори органикӣ шомил мебошанд, ихроҷ гардида аввал ба роҳи нафаси одамон, баъдан бо бӯи ғализ ва дудаи худ дохили ҳуҷраҳои биноҳо шуда, ба муҳити атроф ва сипас ба ҳавои атмсофера дохил гардида, оқибат ба раванди метеорологӣ ҳангоми боришоти атмосферӣ бо оби борон ҳамроҳ гардида, ҳангоми ба замин рехтан ба таркиби хок дохил шуда, хокистартӯдааш ба воситаи оби ё боришот ҷаббида гардида, ҳамчун маҳлули ишқорӣ ба манбаъҳои обӣ ҷорӣ мегардад. Чунин ҳолат метавонад ба муҳити зисти табиӣ зарар ворид созад.
Лозим ба ёдоварист, ки оддитарин роҳҳои бартарафсозӣ ин ҷамъоварии баргу хазон дар ҷойҳои мусоид буда, табдилдиҳии он ба компост мувофиқи мақсад мебошад. Албатта истифодаи мақсадноки чунин усул агар аз як тараф сўзиши баргу хазонро пешгирӣ намояд, аз ҷониби дигар истифодаи компост ба гулу сабза ва дарахтон ҳамчун пору истифода хоҳад гардид. Мувофиқи талаботи моддаи 231 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутасаддиён ва аҳли ҷамотчигиро огоҳ менамояд, ки барои риоя накардани талаботи муҳофизати ҳавои атмосфера ҳангоми сӯхтани партовҳои гуногун ба: – шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се (аз 64 то 192 сомонӣ); – шахсони мансабдор аз сӣ то чил (аз 1920 то 2560 сомонӣ); – шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад (аз 6400 то12800 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муайян карда шудааст. Муҳим будани масъалаи мазкурро барои саломатии шаҳрвандон, тозагиву ободӣ ба назар гирифта, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва хадамоти дахлдор муроҷиат менамояд, ки аз сўзондани хазон дар кўчаю ҷойҳои партовҷамъкунӣ худдорӣ кунанд, ба тозагии ҳавои атмосфера аҳамияти зарурӣ диҳанд. Хазонҳо ва алафҳои хушкшударо ҷамъоварӣ намуда, бо роҳи гӯркунӣ аз онҳо нуриҳои ба заминҳои кишоварзӣ манфиатбахш омода намоянд ва бо ин восита аз онҳо халос шуда худ ва дигаронро аз таъсири зарарноки партовҳои заҳрнок ба ҳавои атмосфера ҳифз намоянд.