Бо мақсади тоза обод нигоҳ доштани муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати санитариву экологӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ дар даромадгоҳи шаҳр, назди дидбонгоҳи БДА, кӯчаҳои марказии назди ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, соҳили обанбори Баҳри Тоҷик, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 адад қуттиҳои махсус барои зарфҳои пластикӣ насб карда шуд. Ин иқдом тибқи дастуру супориши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон роҳандозӣ гардид.
Add comment