Ҳамасола 2-феврал аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ таҷлил карда мешавад. Ҳадафи ин ҷашн ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба муаммоҳои заминҳои обию ботлоқӣ мебошад, ки барои рушди устувори сайёра нақши хеле муҳимро иҷро мекунад. Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ аз соли 1997 инҷониб таҷлил карда мешавад. Шиори имсолаи Рӯзи мавзеъҳои обию ботлоқӣ - мавзеъҳои обию ботлоқӣ ва беҳбудии инсон ном дорад. Ин шиор таъкид менамояд , ки то чӣ андоза тамоми ҷанбаҳои некӯаҳволии мо бо вазъи саломатии ин экосистемаҳои беназир алоқаманданд ва моро ташвиқ мекунанд, ки ин мавзеъҳоро қадр ва ҳифз намоем. Бе оби тоза мавҷудияти инсон ғайриимкон аст ва ин мавзеҳо манбаи муҳимтарини он мебошанд. Танҳо 2,5% оби сайёра оби тоза аст. Ва танҳо 1% ин об барои истифодаи инсоният дастрас аст.
Қариб ҳамаи он бо сабаби заминҳои обӣ ва ботлоқ барои истеъмол мувофиқ аст. Хокҳои лой ва растаниҳои ботлоқ филтрҳои идеалии табиӣ мебошанд ва худи заминҳо обанборҳои олиҷаноб барои нигоҳ доштани оби тоза мебошанд. Ботлоқҳоро аксар вақт шуши сайера меноманд, аммо ин гурдаҳои Замини Мост. Мавзеъҳои обию ботлоқӣ барои ҳифзи гуногунии биологӣ, муқовимат бо тағирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, ҳамзамон барои саломативу некӯаҳволии мо муҳиманд. Бидуни барқарорсозии онҳо ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор ғайриимкон аст. Махсусан, ботлоқҳо ба ғамхории мо бештар эҳтиёҷ доранд. Гарчанде онҳо ба сайёра дар муқобила бо мушкилоти имрӯза кӯмак намоянд ҳам, аз тарафи дигар онҳо бештар осебпазиртаранд. Ботлоқҳои солим барои боздошт ё суст кардани раванди тағйирёбии иқлим ёрӣ расонида, гази карбонро фурӯ мебаранд. Ботлоқҳо ба гармшавии глобалӣ бештар ҳассосанд ва ҳангоми халалдор шудан, баръакс, манбаи CO2 мегарданд. Ботлоқҳо барои тоза ва филтр намудани об ёрӣ расонида, дар шакли табиии худ ба нигоҳ доштани саломатӣ мусоидат мекунанд ва ба манбаи беморӣ табдил намеёбанд. Дар баробари ин, ботлоқҳо ба ифлосшавӣ бештар ҳассосанд. Ёдовар мешавем, ки аз 12 адад мавзеъҳои обию ботлоқие, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, 5-тои онҳо соли 2017 ба феҳристи Конвенсияи Ромсар, ки дорои аҳамияти байналмилалӣ ҳастанд, дохил карда шуданд.