Ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод беш аз 22 ҳазор аҳолӣ дошта, дар натиҷаи ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ дар ҷойи ғайрирасмӣ муаммои экологии ташаккул ёфтани нуқтаи калони партовҳои бесоҳиб ба миён омадааст. Бо мақсади бартараф намудани нуқтаи мазкур бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия ва якҷоя бо КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ин минтақа аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар рафти аксия ғайр аз кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва корхонаи хоҷагии коммуналӣ 20 нафар сокинони ҷамоати шаҳрак иштирок намуда, бо истифодаи техникаи махсус 12 адад нақлиёти боркашонии тамғаи «Дулан» партовҳои бесоҳиб ба партов-гоҳи марказии ноҳия бароварда шуд. Ҳаҷми умумии партовҳои интиқолдода 180 метри мукаабро ташкил намуда, минтақаи мазкури ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳия бо пуррагӣ тоза гардид.
Барои минбаъд, такроран ба миён наомадани чунин муаммои экологӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои пайдоиши партовҳои бесоҳиб аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Зафаробод бо сокинони ҷамоати шаҳрак корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд.