Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 9 феврали соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқатӣ», «Ризқофарин», «Саломат бошед», «Нилуфар», «Кайҳон», «Тирози ҷаҳон», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия Плюс», «Озодӣ»,«Сугднюс», «Спутник», телевизионҳои Суғд, ШТР «Азия», СМ-1, «Сафина», «Синамо», «Диёр», «7 Ситора» , радиоҳои «Замон», «Пайванд» «Шаҳри ман» дар маҷмӯъ 35 нафар намояндагон иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар соли 2023 дастрас гардид.
Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба муаммоҳои аввалиндараҷаи ҳифзи муҳити зист дар вилоят ва роҳҳои бартараф намудани онҳо, ҷой доштани ҳолати буриши ғайриқонунии дарахтон дар миқёси вилоят ва чораҳои андешидашуда, пешниҳод барои бештар шинонидани дарахтони сояафкан дар шаҳри Хуҷанд ва вилоят, корбарӣ дар давраи манъи сайди моҳии соли ҷорӣ ва чораҳои андешидашуда нисбати қонуншиканон дар соли сипаригашта, роҳҳои баланд бардоштани маърифати экологӣ дар байни аҳолӣ ва дигар масъалаҳо вобаста ба ҳифзи муҳити зист ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.