Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят маҷлиси тантанавӣ бо иштироки муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исуфов Умаралӣ, кормандони мақомот, собиқадорони соҳа, табиатистифодабарандагон - намояндагони корхонаҳои саноатӣ баргузор гардид. Бо суханони табрикӣ муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исуфов Умаралӣ ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборакбод намуда, қайд намуданд, ки ин рўз барои ҳамаи кормандон, мутахассисон ва алоқамандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, дўстдорони табиат, умуман нафароне, ки дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти муҳити зист заҳмат мекашанд, рўзи хурсандибахш аст. Зеро Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида шуда, ҳамасола дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон зиёда аз 130 давлат ботантана қайд карда мешавад.
Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои экологӣ пайваста дар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо ҷиҳати тағирёбии иқлим аз ҷумла, обшавии пиряхҳо, таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза, раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйирёбии он талош варзида, пешниҳодҳои мушаххаси марбут ба масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрўву нуфузи баландро соҳиб гардидааст. Сипас, муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исуфов Умаралӣ ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол кормандон, собиқадорон ва намояндагони корхонаҳои саноатиро бо ифтихорнома ва сипосномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят қадрдонӣ намуданд.