Баҳри иҷроиши барқияи фаврии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2024, таҳти№ 3/12-05-1954 бо мақсади аз хушкшавӣ нигоҳ доштани ниҳолҳо дар ҳарорати баланди ҳаво обмонии шабонарӯзӣ ташкил карда шуд. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби Муассисаи давлатии Раёсати “Хоҷагии манзилии коммуналӣ” дар ҳудуди тамоми кӯчаҳои шаҳр, хиёбону гулгаштҳо ва дарахтони дар канори кӯчаҳо мавҷуд буда, аз он ҷумла, дар кӯчаҳои Ф.Ниёзӣ, Бобоҷон Ғафуров, Н.Ҳувайдуллоев, Сулҳ, маҳаллаи Ғалаба ва маҳаллаи Наврӯз обмонии шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, дар ин самт ҳамарӯза корбарӣ идома дода мешавад.
Add comment