Бахшида ба 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Масчоҳ амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Тибқи маълумотҳои шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Масчоҳ 51 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Add comment