Тибқи нақшаи пешбинигардида фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифта, дар доираи гузаронидани санҷиши мазкур вохӯрӣ бо маорифчиёни шаҳри Бӯстон ташкил карда шуд. Мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», дар толори бинои бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф ва МТД «Мактаби Президентӣ барои хонандагони балаёқат», омӯзгорони фанни экология, биология ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр вохӯрӣ доир гардид. Дар рафти чорабинии иттилоотӣ аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзӯъ изҳори ақида карда шуд. Дар интиҳо ба китобхонаи шуъбаи маорифи шаҳр 2 ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзномаи соҳавии «Инсон ва табиат» бо мақсади истифодабарии маълумоти он дар дарсҳои фанни экология аз номи сарраёсат тақдим гардид.
Вохӯрӣ бо маорифчиёни шаҳри Бӯстон
Add comment