Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷабборӣ М.А. иштирок дошта, ба кормандону мутахассисони ҷавони сарраёсат оид ба пояи арзиши Конститутсия ва дигар принсипу меъёрҳои конститутсионие, ки аз он ташаккул меёбанд сухан кард. Инчунин, дар бораи ҳадафи стратегие, ки дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барпо кардани давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ва дар ин замина дар сатҳи Конститутсия ба расмиятдаровардану таҳким бахшидан ба истиқлоли давлатӣ зарур будани ҳарчи зудтари таҳия ва қабул кардани Конститутсия дар баромад қайд гардид.
Ҳамзамон, барои хизматҳои шоён дар амалӣ гардонидани сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, саҳми арзанда ҷиҳати баланд бардоштани нуфуз ва мавқеи ҳизб дар ҷомеа, иштироки фаъолона дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон, муовини сардор, сардори шуъба ва сармутахассиси сарраёсат, дар маҷмуъ 3 нафар бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд. Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ аз тарафи сарраёсат барои китобхонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 2 ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.