Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ҷиҳати дар сатҳи баланд барпо намудани чорабинии мазкур барои иштирок ва суханронї муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ўрунбоева М.Х.ва бевосита иштирокчии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуродов Д. даъват карда шуданд. Ҳангоми баромаду суханронӣ ба кормандону мутахассисони ҷавони сарраёсат аз ҷониби меҳмонон дар бораи сабаби ба ин рӯзростомаданичунин ҷашнимуборак, дар қонунгузории кишварамон пазируфта шудани рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу тарақиёти давлатдории миллӣ, хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории навин ва сарҷамъии миллат, афзалияти шакли идораи президентӣ ва дар бораи дигар иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Сарвари давлат шарҳу маънидод гардид.
Ҳамзамон, дар навбати худ собиқадори меҳнат ва иштирокчии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуродов Д. аз ҳолат ва рӯзҳои баргузории он ёдовар шуд. Дар рафти чорабинии тантанавӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба се нафар кормандони сарраёсат шаҳодатномаи аъзогӣ супорида шуда, дар интиҳо ба иштирокчии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуродов Д. аз тарафи сарраёсат 2 ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.