Вохӯрӣ бо маорифчиёни шаҳри Гулистон

  Тибқи нақшаи пешбинигардида фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуда, дар доираи гузаронидани санҷиши мазкур вохӯрӣ бо маорифчиёни шаҳр ташкил ва баргузор гардид. Мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», дар толори бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф, омӯзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва муовини директор оид ба тарбия, омӯзгори фанни экология ва хонандагон бахши 3-и ҶДММ «Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон» вохӯрӣ бо сармутахассиси сарраёсат доир гардид. Дар рафти чорабинии иттилоотӣ аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзӯъ изҳори ақида карда шуд.

 Ба ҳамаи иштирокдорон рӯзномаи соҳавии «Инсон ва табиат» барои шиносоӣ пешниҳод шуда, дар интиҳо ба китобхонаи шуъбаи маориф ва Коллеҷи тиббии шаҳрКитоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истифодабарии маълумоти он дар дарсҳои фанни экология аз номи сарраёсат тақдим гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.