Чорабинии ҷамъбастӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

  Бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ байни Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон,  дар толори донишкадаи мазкур мизи мудаввар баргузор гардид.   Дар чорабинӣ намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд,устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, олимону устодон ва донишљӯёни аъзои «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон иштирок намуданд. Баъд аз суханҳои ифтитоҳии ноибректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, н.и.г-м., профессор Насриддинов З.З., тариқи онлайн директори КВД «Табиат»-и дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов А. ва сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Саидов Х.М., оид ба се мавзӯъи асосии мизи мудаввар презентатсия ва маълумоти муфассал ба иштирокдорон пешниҳод карда шуд.

  Дар бораи рафти татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар соли 2024 ва аз оғози Барнома сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Саидов Х.М., дар бораи натиљаҳои фаъолияти ТҶ «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар соли 2024 ва нақшаҳо барои соли 2025 намояндаи ташкилоти ҷамъиятӣ Усмонов Д., инчунин ассистенти кафедраи экология Назарова М.Э. оид ба фаъолияти «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар соли 2024 ва доир ба дурнамои фаъолият дар соли 2025 изҳори ақида намуданд. Тибқи барнома дар охири мизи мудаввар байни иштирокчиён саволу ҷавоб ба миён омада, аз          ҷониби намояндаи сарраёсат ба ҳамаи онҳо маълумоти мушаххас пешниҳод гардид. Боиси қайд аст, ки чорабинии мазкурбахшида ба эълон гардидани соли 2024 – «Соли маърифати ҳуқуқӣ» гузаронида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.