Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти солона ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсулло Салимзода, сардори Сарраёсат Суҳроб Холзода ,сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Муовини раиси вилоят Зариф Мирдадо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар вилояти Суғд, назорати ҳолати сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда дар шоҳроҳҳо ва дигар минтақаҳо, ташкил намудани ниҳолхонаҳо дар вилоят, назорати иҷроиши бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва гузаронидани комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологӣ дастуру супоришҳо дод.
Намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Ш. ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти нозирӣ, назорати доимии ҳолати иншоотҳои обтозакунӣ, тибқи нақшаи алоҳида расонидани ёрии амаливу методӣ ба зерсохторҳо, шиносоӣ бо ҳолати экологии шаҳру ноҳияҳо, иҷроиши босифат ва саривақтии нақшаи чорабиниҳо, барномаҳои соҳавию давлатӣ ва дигар аснодҳои назоратӣ супоришҳо дод.