Бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон, таъмини иҷрои нақшаи корӣ, бо иштироки кормандони сарраёсат ва бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич минтақаи Даҳанасой корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ маҳсулотҳо ба монанди картошка, резаи гандум, ҷав ва ҷуворимакка, намак, сабзӣ, карам, бастаи беда ва коҳ истифода бурда шуд. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа дар ин мавзеъ намудҳои олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба монанди гург, бузи кӯҳӣ, хуки ёбоӣ, харгӯш, кабк ва дигар намуди парандаҳо сукунат доранд.
Add comment