Чорабинии илмӣ – адабӣ «Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон» дар муассисаи таълимии шаҳри Хуҷанд

  Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Хуҷанд чорабинии илмӣ–адабӣ таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон» бахшида ба эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилаии ҳифзи пиряхҳо» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд иштирок дошта, аз ҷониби хонандагони синфҳои 2 – 9 муассисаи таълимӣ дар бораи пиряхҳо ва обҳои Тоҷикистон, тағйирёбии иқлим ва ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилаии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март - «Рӯзи байналмилаии пиряхҳо» намоиш ва маълумот пешниҳод карда шуд. Боиси қайд аст, ки як қатор дарсҳои кушоди намунавӣ дар мавзӯи «Об манбаи ҳаёт» дар синфи 6 доир ба сариштакорӣ ва аз ифлосшавӣ нигоҳ доштани манбаҳои обӣ, «Олами наботот ва ҳайвоноти нодири Тоҷикистон» дар синфи 3 оид ба ҳифз намудани олами наботот баргузор гардида, инчунин таҷрибаи самти кимиёвӣ низ вобаста ба мавзӯъ намоиш дода шуд. Дар охири чорабинӣ ба китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Хуҷанд аз номи сарраёсат 2 ҷилд Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.