Санаи 11 марти соли 2025, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти соли 2024 таҳтираёсати муовини Раиси вилоят, раиси комиссия Файзулло Қосимӣ ва иштироки аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо - раисони комиссияҳои маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо - муовин ва котибони комиссия баргузор гардид. Муовини Раиси вилоят ба ҷаласа ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро бо рӯзнома шинос кард. Ҳамчунин қайд намуд, ки ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологии аҳолӣ, алалхусус баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ таваҷҷуҳи хосаи мақомоти давлатии вилоятию маҳаллӣ ва ҷалби тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ андешидани чораҳо ва тадбирҳои ҳамарӯзаи заруриро талаб менамояд. Вобаста ба масъалаи рӯзнома маърӯзаи муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳитизистдарвилояти Суғд Абдумаликзода Б. ба таври муфассал шунида шуд. Инчунин, дар робита ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа аъзоёни комиссия – намояндагони Раёсатҳои маориф, шуъбаи энергетика ва саноат, хоҷагии ҷангали вилоят, раисони Комиссияҳои байниидоравии минтақавии дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Б.Ғафуров, Конибодом, Гулистон, Мастчоҳ, Зафаробод ва Хуҷанд ҳисобот доданд.
Дар рафти ҷаласа муовини раиси вилоят Файзулло Қосимӣ соли 2025 соли охирони татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистонбароисолҳои 2021 - 2025» бударо қайд карда, ҷиҳати ҷоннок намудани корбарӣ ва пешниҳодимаълумотдармуҳлатимуқарраргардида ба як қатор сохторҳои масъули вилоятӣ супоришҳои мушаххасдод. Дар охири ҷаласа қарори дахлдор қабул гардид.