Санаи 15 сентябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат ҷамъбаст ва маросими мукофотонидани ғолибони озмуни ҷумҳуриявию вилоятӣ дар мавзӯи «Ҷаҳонро сарсабзӣ аз об аст» бо иштироки хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо, намояндагони Маркази таҳсилоти иловагии вилоят доир гардид. Озмуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати экологии хонандагони мактабҳо доир ба ҳифзи муҳити зист, татбиқи амалии «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва бахшида ба ҷашнҳои давлатии миллӣ гузаронида шуд.
Боиси қайд аст, ки дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истиқлол, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Деваштич, ҳамагӣ 7 нафар бо диплому ифтихорномаҳои Раиси Кумита ва мукофотҳо сарфароз гардиданд. Дар даври вилоятии озмун ба 9 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Спитамен ва Б.Ғафуров диплому ифтихорномаҳои сардори Раёсат ва тӯҳфаҳо супорида шуд. Ҳадафи баргузории озмун ин баланд бардоштани маърифат, тарбия ва дониши экологии мактаббачаҳо, ташаккули мавқеи фаъоли мактаббачагон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҷалби онҳо ба муаммоҳои экологӣ маҳсуб меёбад.