Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дар мавзӯи «Зарурати ҳифзи пирьяхҳо барои ояндаи сайёраи сабз» доир гардид. Дар он муовини сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Абдумаликзода Б.А., муовини директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Хоҷибоева Р., омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд. Зимни баромад муовини сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Абдумаликзода Б.А. барои иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати минбаъд ташаккул додани мавқеи фаъоли онҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ҷалби онҳо дар ҳалли муаммоҳои экологӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар аксияҳои экологӣ изҳори ақида намуд. Ҳамзамон муовини директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Хоҷибоева Р. баромад намуда, баргузории чунин озмунҳои экологиро дар байни мактаббачагон саривақтӣ арзёбӣ намуда, қайд намуд, ки солҳои охир таваҷҷӯҳи мактаббачагон ба масъалаҳои экологӣ ва иштироки онҳо дар озмунҳо бештар шудааст, ки ин ба баланд шудани маърифати экологии онҳо мусоидат менамояд.
Сипас барои гирифтани ҷойҳои намоён аз рӯи 6 номинатсия - «Расми беҳтарин»,«Шеъри беҳтарин», «Сурати беҳтарин», «Ҳикояи беҳтарин», «Видеоролики беҳтарин» ва «Кори меъмории беҳтарин» 13 нафар хонандагон бо диплом ва туҳфаҳои пулии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 нафар хонандагон бо диплому тӯҳфаҳо ва сипосномаи сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят барои иштироки фаъолона қадрдонӣ карда шуданд. Ҳадаф аз ташкил ва баргузории озмун баланд бардоштани маърифати экологӣ ва мавқеи фаъоли мактаббачагон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар наврасон ташаккул додани муносибати эҳтиёткорона дар фикрронӣ ва амал нисбат ба муҳити зист, ҷалб намудани мактаббачагон ба ҳалли муаммоҳои экологӣ ва ҳамзамон дастгирӣ ва ҳавасманд намудани самти экологӣ дар кори муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад.