Иқдоми сабз: Дар Мастчоҳ беш аз 5 гектар заминҳои ниҳолпарварӣ бо оби доимӣ таъмин шуданд

  Бо мақсади таҳкими иқтидори истеҳсолии хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зист, фароҳам овардани заминаҳои устувор барои татбиқи амалии Барномаи кабудизоркунӣ ва таъмин намудани обёрии мунтазами заминҳои ниҳолпарварӣ дар ноҳияи Мастчоҳ чоҳи амудии об мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Чоҳи мазкур моҳи апрели соли ҷорӣ дар ҳудуди хоҷагии ёрирасон бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кофта шуда, ҳадаф аз бунёди он таъмини оби доимӣ барои обёрии заминҳои таҳти истифода ва ниҳолхонаи бахш мебошад. Иншооти мазкур обёрии наздик ба 50 гектар заминро таъмин намуда, ба рушди соҳаи кабудзоркунӣ дар ноҳия мусоидат хоҳад кард. Дар маросими ба истифодадиҳии чоҳи амудӣ ва оғози обёрии заминҳои хоҷагии ёрирасон раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ширкат варзиданд. Раиси Кумита Баҳодур Шерализода зимни суханронӣ аз ҷумла изҳор дошт, ки бунёди чоҳи амудӣ дар хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зист иқдоми муҳиму саривақтӣ дар самти амалӣ намудани барномаҳои экологӣ ва кабудизоркунии минтақа мебошад. Гуфта шуд, ки он на танҳо ба парвариши ниҳолҳо, балки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳсозии муҳити зист замина мегузорад. Лозим ба ёдоварист, ки соли равон бо қарори дахлдори раиси ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади татбиқи амалии Барномаи кабудизоркунӣ аз ҳисоби заминҳои фонди захиравии ноҳия 5 гектар замин ба ихтиёри бахши ҳифзи муҳити зист ҷудо гардида, дар он тадриҷан ниҳолҳои ба иқлими маҳаллӣ мутобиқ шинонида ва парвариш карда мешаванд.

  Айни замон дар масоҳати беш аз як гектар замини хоҷагии ёрирасон зиёда аз 17 ҳазор бех ниҳолҳои навъҳои гуногун, аз ҷумла павлония, акасия, кайрағоч, туя, мажевелник ва сасна парвариш меёбанд. Ба иттилои масъулини бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади таъмини иҷрои самараноки вазифаҳои марбут ба сарсабзгардонии муҳити зист, татбиқи амалии Барномаи кабудизоркунӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолӣ ва рушди инфрасохтори техникӣ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду адад техникаи соҳавии ёрирасон ба ихтиёри бахш дода шудаанд. Ба гуфтаи масъулин истифодаи техникаҳои соҳавии дастрасгардида имконият медиҳад, ки ҷараёни парвариш ва нигоҳдории ниҳолҳо дар хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зист бо сифати беҳтар, сарфи камтари захираҳо ва дар муҳлати кутоҳтар ба роҳ монда шавад. Ин иқдом ҳамзамон ба рушди устувори бахш, таъмини зичии сабзиши ниҳолҳо ва густариши корҳои кабудизоркунӣ дар сатҳи ноҳия мусоидат хоҳад кард. Гуфтан ба маврид аст, ки дар ҳоли ҳозир ба хоҷагии ёрирасон 4 нафар ба кори парваришу нигоҳубини ниҳолҳо ҷалб гардидаанд. Тибқи маълумоти масъулин бо фаро гирифтани масоҳати пурраи заминҳо ва густариши фаъолияти истеҳсолӣ имкони бо ҷойи кор таъмин кардани то 17 нафар муҳайё хоҳад шуд. Мавриди зикр аст, ки бунёди чоҳи амудӣ ва рушди инфрасохтори хоҷагии ёрирасон ҷузъи муҳими сиёсати давлатии экологӣ дар сатҳи маҳаллӣ буда, дар татбиқи босамари стратегияҳои миллӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва рушди иқтисоди сабз нақши муассир мегузорад.

Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Скачано с веб-сайта JooMix.org.