23 октябр - Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ

  Бабри барфӣ ё озодапаланг аз ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ба шумор меравад ва ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст. Майдони умумии паҳншавии бабри барфӣ дар Тоҷикистон 87 ҳазор километри мураббаъро ташкил дода, 70 дарсади макони зисти он дар шарқи Бадахшон ҷойгир аст. Дар асл ин 70 % ҳудуди Тоҷикистон ва тақрибан 3% мавзеи муосири ҷаҳонии ин ҳайвони нодир мебошад. Бабри барфӣ ё ирбис як даррандаи калон буда, ин гурбаҳои ваҳшӣ асосан дар кӯҳҳо, дар баландии аз 1500 то 6000 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ онҳо ба таври қонунӣ ҳайвони аз ҳама дар баландтарин кӯҳҳо сукунат дошта дар ҷаҳон ҳисобида мешаванд. Ин ҷонвар ба сардии ҳаво тобовар аст, аз ин рӯ онро бабри барфӣ ном мебаранд. Дар зимистон ирбис ранги хокистарранг дорад, ки ин як падидаи олиҷаноб аст барои ниқобпӯшӣ. Куртаи он хеле ғафс ва мулоим буда, он аз шароити хунук ва шадиди зист муҳофизат мекунад. Дар тобистон куртааш қариб сафед мешавад. Бадани тунук, дароз, чандир, пойҳои нисбатан кӯтоҳ, сари хурд ва қаиқи хеле дароз дорад.

  Дарозии бадан бо қаиқ 2 – 2,3 метр ва вазни то 55 кг-ро дошта, дар як вақт бабри барфӣ метавонад 23 кг гӯшт бихӯрад. Гарчанде, ки онҳо дар баландкӯҳҳо зиндагӣ мекунанд дар гирифтани ғизо мушкиле надоранд. Истеъмоли асосии ирбисҳо гӯсфандони кӯҳӣ, бузҳо, аммо онҳо низ метавонанд аз парандагон ва ҳайвоноти хурд, ки дар кӯҳҳо пайдо мешаванд ғизо гиранд. Аммо, баъзан ба иллати сербарфӣ дар ҷустуҷӯи ғизо ба маҳаллаҳои аҳолинишин низ мефароянд. Зебогии андом, пӯсти мулоим ва ранги ҷолибаш ӯро туъмаи шикорчиён мегардонад. Дар кишвари мо бо мақсади ҳифз ва коҳиш наёфтани саршумор бабри барфӣ ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, инчунин «Барномаи давлатии ҳифзи бабри барфӣ барои солҳои 2024-2028» қабул шудааст ва дар доираи он тадқиқоти илмӣ гузаронида мешавад. Мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шикори ғайриқонунии озодапаланг ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ муқаррар гардидааст. Бабри барфӣ дар Тоҷикистон бештар дар кӯҳҳои Помир, инчунин дар қаторкуҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Каротегин, Ҳазрати шоҳ, Ваҳш, Дарвоз, Ванҷ, Язғулом, Рушон, Шоҳдара, Пшарт, Музкул, Сарикул, Алиҷури ҷанубӣ ва шимолӣ вомехӯранд. Ҳамзамон, асосан дар Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Непал, Афғонистон, Муғулистон, Покистон, Бутан, Мянма, Ҳиндустон, Русия ва Чин бабри барфиро дида метавонем.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.