Т
ибқи нақшаи корӣ ва бо мақсади амалӣ намудани назорати давлатӣҷиҳати пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣаз ҷониби мутахассисони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғднамунаҳои партовобҳо аз иншоотҳои партовобтозакунии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят гирифта мешавад. Намунаҳои навбатии партовобҳобарои муайян намудани таркиби физикӣ – кимиёвӣаз иншооти партовобтозакунии КВДК «Хуҷандобуканал»-и шаҳри Хуҷанд аз 4 нуқта, аз он ҷумла даромад ва баромади иншоот, 500 метр боло ва 500 метр поён аз дарё (интиқолшаванда) гирифта шуд. Ҳамзамон, дар ноҳияи Б.Ғафуроваз иншооти партовобтозакунии КДФ «Обтаъминкунӣ ва канализатсия»-и минтақаи №1–и вилояти Суғд аз 2 нуқта, аз он ҷумла даромад ва баромади иншоот (садамавӣ) гирифтани намунаҳои партовоб амалӣ гардид. Ташхиси намунаҳо мутобиқи талаботи қоидаҳо давоми 7 рӯзи корӣгузаронида шуда, дар натиҷа муайян гардид, ки дар намунаҳои иншооти партовобтозакунии КВДК «Хуҷандобуканал» нишондиҳандаҳои моддаи муаллақ, боқимондаи хушк, нитрогени аммоний, истеъмоли биологии оксиген (БПК5) ва оҳани умумӣ аз меъёри ҳадди имконпазири ғизлатнокӣ (ҲИҒ) зиёд ба қайд гирифта шуд.
Ҳамчунин, дар намунаҳои аз иншооти партовобтозакунии КДФ «Обтаъминкунӣ ва канализатсия»-и минтақаи №1–и вилояти Суғддар ноҳияи Б.Ғафуров гирифташуда, нишондиҳандаҳои моддаи муаллақ, боқимондаи хушк, нитрогени аммоний ва истеъмоли биологии оксиген (БПК5) низ аз меъёри ҳадди имконпазири ғизлатнокӣ (ҲИҒ) зиёд мебошанд. Мутобиқи тартиб бо мақсади чораҷӯии минбаъда аз ташхисгоҳ протоколҳои нишондиҳандаҳои аз меъёр зиёд ба шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ирсол гардид.


