Б
о назардошти мусоид омадани обу ҳаводар миқёси вилояти Суғд маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ оммавӣ баргузор гардида истодааст. Давоми ҳафтаи охир дар рафти аксияҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» беш аз 8400 нафар намояндагони корхонаҳо, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо ва шаҳрвандон иштирок дошта, дар натиҷа 5,2 км ҷӯйбор, 26 км қади шоҳроҳ ва роҳҳо, 6 км соҳилҳои манбаъҳои обӣ аз партовҳои гуногун тоза ва ба партовгоҳҳо зиёда аз 160 метри мукааб партовҳо интиқол дода шуданд.Дар баробари ин, корҳои тоза кардани қади шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ва бартараф кардани нуқтаҳои партовҳои бесоҳиб ба сомон расонида шудааст. Татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи амал барои солҳои 2025 – 2027 ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дарвилояти Суғд ба ҳисоб рафта, натиҷаҳои рафти маъракаи ниҳолшинони ба ҳолати 17.02.2026 ҷамъбаст гардид. Мутобиқи маълумот дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 80465 бех, аз он ҷумла ниҳолҳои дарахтони ороишии ҳамешасабз - 27012 бех, сояафкан – 11857 бех, мевадиҳанда – 37906 бех ва тут – 3690 бех шинонида шудааст. Тибқи нақшаи амал дар соли 2026 дар маҷмуъ, 600 ҳазор бех ниҳол дар миқёси вилоят шинонида мешавад ва маъракаи мазкур оммавӣ идома дорад.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои ниҳолшинонӣ ва аксияҳои экологӣ оммавӣ баргузор гардида истодааст
Add comment


