Қадрдонии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят бахшида ба 30 солагии таъсисёбии мақомоти ҳифзи муҳити зист

Дирӯз дар ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нӯҳ моҳи соли равон бахшида ба 30 солагии таъсисёбии мақомоти ҳифзи муҳити зист, дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 31 августи соли 2018, № 111,  як қатор кормандони  Раёсат ва шуъбаву бахшҳои шаҳру ноҳияҳо аз тарафи Раиси Кумита  Хайрулло Ибодзода бо нишони сарисинагии  “Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист” ва “30 солагии таъсисёбии мақомот”  мукофотонида шуданд.

Бо нишони сарисинагии «Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист» сарфароз гардонида шуданд: Самадов Алишер Исҳоқович – сардори шуъбаи экспертизаи экологии Раёсат, Садриддинова Санавбар Яҳёевна - сардори шуъбаи назорати таҳлии Раёсат, Ҳалимов Ибодулло Ҳабибуллоевич - мудири бахши Бӯстон, Сафаров Фарҳод Мирзоевич – сармутахассиси бахши н.Зафаробод.

 Ҳамчунин бахшида ба 30-солагии таъсисёбии мақомоти ҳифзи муҳити зист бо нишони сарисинагии ҷашнӣ сарфароз гардонида  шуданд:

Темурҷон Нӯмонзода – сардори Раёсат, Меликбоева Шоирахон Ҷалиловна – сармутахассиси Раёсат, Халилов Шараф Раҷабович - мудири бахши н.Айнӣ, Эшонқулов Ҷамшед Раимқулович - мудири бахши н.Деваштич, Исмоилов Шӯҳрат Иброҳимович - мудири бахши ш.Истаравшан, Ҳазратқулов Тӯхтасин Ҳамроқулович - сармутахассиси бахши ш.Гулистон, Шохӯҷаев Ҳасанхоҷа Сулаймонович - мудири бахши н.Мастчоҳ, Ғафуров Ашраф Истамович - мудири бахши ш.Панҷакент.

Дар навбати худ собиқадорони соҳа арзи сипоси худро ба Раиси Кумита барои чунин қадршиносӣ баён намуданд ва бовар кунониданд, ки минбаъд низ барои ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои назаррас ва беҳбудии  муҳити зист саҳми арзанда мегузоранд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.