Семинари омӯзишӣ дар ш.Хуҷанд

Санаи 26 октябри соли равон бо ташаббуси ташкилоти байналхалқии САҲА  дар  комплекси “Хушбахти” шаҳри Хуҷанд семинари омузишӣ оид ба пешбурди принсипҳои “Иқтисоди сабз” ва энергияи каммасраф баргузор гардид. Дар семинари мазкур намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, саноат ва энергетика, кишоварзӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд. 

   Намояндаи Дафтари САҲА Саулюс Смалис  аз мақсад ва ҳадафи баргузории тренинги мазкур иштирокчиёнро шинос намуда, дар рафти чорабинӣ оид ба мафҳумхои умумии “Иқтисоди сабз”, мисолҳои мушахасси мавзуъ, “Иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбута баромад намуд.

     Дар қисмати ҷамъбастии семинар дар байни иштирокчиён музокира сурат гирифта, иштирокдорон ба саволҳои худ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.