Қадршиносии фаъолони аксияҳо дар соли 2018

Бо мақсади пешбурди фаъолият дар самти иттилоот ва маориф, дар доираи нақшаичорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», баҳрибаланд бардоштани маърифат ва донишҳоиэкологии ҷавонон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 21 декабри соли равон якҷоя бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар толори коллеҷи омўзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров вохўрӣ бо омўзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

 

Дар оғоз гузоришҳои иттилоотии телевизионӣ оид ба баргузории амалиёти «Ҳавои тоза», аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил» ва «Тозагии роҳҳо» ба иштирокдорон намоиш дода шуд. Баъд аз муаррифии меҳмонон ба самъи омўзгорону донишҷўён оид ба натиҷаҳои амалиёту аксияҳои мазкур маълумот пешкаш гардида, махсусан қайд карда шуд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба пешвози сазовори идҳои миллии давлатӣ бо ҷалби оммаи васеъ, барои тозаву обод нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати экологии минтақаҳо аксияҳо ва дигар чорабиниҳое, ки ба беҳбудии муҳити зист равона гардидааст, дар соли 2019 низ гузаронида мешавад.

     Дар охири чорабинӣ аз ҷониби сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд барои гузоштани саҳми арзанда дар беҳдошти муҳити зист, иштироки фаъолона дар аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ба як қатор муассисаҳои давлатии таълимии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла: «Литсейи касбӣ - политехникӣ», «Литсейи касбӣ - хизматӣ», «Литсейи касбӣ - сохтмонӣ», «Коллеҷи тиббӣ»-и ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ, гимназияи № 13, МТМУ № 10, маркази вилоятии солимгардонии касалиҳои шараёну дил, коллеҷи омўзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров сипоснома ва тўҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.