Насби лавҳаҳои экологӣ дар ш.Хуҷанд

Имрӯзҳо дар қаламрави кишвар баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза мегирад. Он дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободию кабудизоркунии маҳали зист ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ гаштааст.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо баҳри беҳдошти муҳити зист дар ҳудуди шаҳр, беҳбуд бахшидан ба корҳои ободонӣ,  бартараф кардани партовҳо  аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд  як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

 Бо мақсади иттилоотонии аҳолӣ ва пешгирӣ аз беиҷозат партофтани партовҳо ва моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити атроф, гўронидани партовҳо, расонидани таъсири зарарноки табиӣ ва ғайраҳо дар гӯшаву канорҳои муайяни шаҳр лавҳаҳои экологӣ ва огоҳкунандаи «Партофтани партов манъ аст» насб карда шуд.

Воқеан ҳам партофтани моддаҳои ифлоскунанда, гўронидани партовҳо дар муҳити атроф  ба саломатии шаҳрвандон зарари ҷиддӣ мерасонад. Бояд гуфт, ки тибқи талаботи қонунгузории кишвар шаҳрвандоне, ки ба чунин амал даст мезананд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Аз ҷумла, тибқи моддаи 232-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҳамлу нақл, ҷойгиркунӣ, истифода, нест кардан (гўронидан)-и партовҳои саноатию маишӣ ва дигар партовҳо ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда шудааст.

Ин иқдоми кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд аз тадбирҳои муҳими ҳифзи муҳити зист буда, аз василаи кам кардани партови моддаҳои ифлоскунанда, ки дар шароити номусоиди метеорологӣ боиси баланд шудани дараҷаи ифлосшавии муҳити зист мегарданд, арзёбӣ мешавад. Ҷоиз ба зикр аст, ки то имрӯз аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд беш аз 30 адад чунин лавҳаҳои огоҳкунанда дар гӯшаву канори шаҳр насб карда шудааст.

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд

Скачано с веб-сайта JooMix.org.