Корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист, тақвият бахшидан ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», дар миқёси вилоят аксияи «Тозагии соҳил-2019» гузаронида шуд.

    Дар чорабинии мазкур 22087-нафар шаҳрвандон иштирок намуда, 19,36 км ҷўйбору лотокҳо, 4,8 км соҳили каналҳо, 1,5 км соҳили заҳбуру заҳкашҳо, 37,04 км соҳили сойҳо, 1,0 км соҳили обанборҳо ва 0,1 км соҳили дарёҳо аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуд. Дар натиҷа 51,56 тонна партовҳо бароварда шуда, ба партовгоҳҳои хоҷагиҳои манзили комуналии шаҳру ноҳияҳо ҷойгиронида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.