Маҷлиси машваратӣ дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд 10 сентябри соли равон маҷлиси машваратӣ бо иштироки сардорони шуъбаҳо ва сармутахассисон баргузор гардид. Муовини сардори Раёсат Абдума-ликзода Б. дар рафти маҷлис протоколи №2 маҷлиси назоратии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 4 сентябри соли равон мавриди баррасӣ қарор дод.  Бо протоколи мазкур ҳозиринро шинос намуда, қайд кард, ки аз 24 банди қарори ҷаласаи Мушовара аз 6.07.2019 бандҳои 4,13,18,20 иҷро нагардидаанд. Ба шуъбаву бахшҳо супорида шуд, ки оид ба иҷрои бандҳои қарори Мушовара ва қарори протоколи № 2 аз 4.09.19 чораҳои мушаххас андешида шуда, дар мӯҳлатҳои муайяншуда маълумоти муфассал то 25 сентябр ба Кумита пешниҳод карда шавад.

    Протоколи № 2 аз 4.09.2019-и маҷлиси назоратии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаҳо ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят барои иҷро ирсол карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.