«1300 рўзи меҳнати зарбдор дар шаҳри Панҷакент»

Дар шаҳри Панҷакент, санаи 12.10.2019 бахшида ба эълон гардидани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ ва аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар маҷмуъ беш аз 700 нафар омўзгорон ва донишҷўёни Донишкадаи омўзгории шаҳри Панҷакент, Коллеҷи тиббӣ ва омўзгорӣ, Коллеҷи касбӣ – техникӣ ва аҳолӣ иштирок намуданд. Дар рафти аксияи «Тозагии соҳил» ду тарафи се сой - «Мисрак»,«Кўктош» ва «Чинор», ҳамагӣ 6,7 км соҳил аз партов тоза гардид. Ҳамзамон, 2 км ҷўйбори ду тарафи кўчае, ки бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент ҷойгир мебошад, тоза гардида, 840 метри мураббаъ қисми кўчаи назди бахш мумфарш карда шуд.

     Дар натиҷаи баргузории корҳои ободонӣ ва аксия ба партовгоҳи шаҳр аз тарафи хадамоти хоҷагии коммуналӣ зиёда аз 43 тн партовҳо бароварда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.