Баланд бардоштани маърифати экологӣ ва татбиыи Конвенсияи Орхус дар вилояти Суғд

Тибқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади амалӣ намудани  бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ санаи 11.10.2019 дар толори меҳмонхонаи «Khujand Delux»-и шаҳри Хуҷанд семинар - тренинги якрузаи минтақавӣ дар мавзўи «Татбиқи Конвенсияи Орхус ва Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» барои коргарони сохторҳои МИҲД шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истиқлол, Гулистон, Бустон, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Мастчоҳ, Спитамен, Ашт ва ҳамчунин намояндагони ВАО багузор гардид. Семинари мазкур якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/ Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд.

Дар рафти семинар – тренинг мувофиқи барнома пас аз суханҳои ифтитоҳӣ дар сессияи якум баромаду презентатсияҳо бо пуррагӣ дар бораи Конвенсияи Орхус, мавқеи тарбияи ва маърифати экологии аҳолӣ дар раванди рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи барномаҳои давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист пешкаши иштирокчиён гардид.

Дар сессияи дуюм пешниҳод ва таклифи иштирокчиён оид ба баланд бардоштани маърифати экологӣ ва дастрасӣ ба иттилооти экологӣ, музокираи умумӣ оид ба пурзӯр намудани ҳамкории тарафайн оид ба татбиқи Конвенсияи Орхус ва «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», таклифу пешниҳод ба амал омад.

    Боиси қайд аст, ки чорабинии мазкур дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тадбиқи амалии «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва иҷрои талаботи Конвенсияи Орхус мусоидат менамояд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.