Вохўрӣ бо маорифчиёни шаҳри Истаравшан

Тибқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади амалӣ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар толори Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо намояндагони соҳаи маориф, аз ҷўмла омўзгорони фанни экология, биология ва географияи муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид. Дар рафти вохўрӣ маълумот оид ба Барнома, ҳифзи ҳавои атмосфера ва муаммо дар ин самт, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, дар бораи Китоби Сурхи Ҷумҳурии Точикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ пешкаши иштирокчиён гардид.

     Дар интиҳо ба китобхонаи Раёсати маорифи шаҳр 2 ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чониби намояндаи раёсат тақдим гардид. Боиси қайд аст, ки маводи иттилоотӣ дар бораи вохўрии мазкур дар рўзномаи «Паёми Истаравшан» ва тариқи телевизиони «Афшин» инъикос ёфт.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.