Вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тибқи нақшаи пешбинигардида, санаи 15.11.2019 бахшида ба "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" вохӯрии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист бо намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Умаралиева Ӯ. баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби сардори раёсат ҷиҳати мувофиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзхои ид», ки 14 майи соли 2016 қабул шудааст, дар Тоҷикистон ҷашн гирифтани рўзи 16-уми ноябр, ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак сухан карда шуд. Дар навбати худ муаллима Умаралиева Ў. қайд намуд, ки ватани мо пеш аз ҳама, ба сулҳу суббот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии Президентӣ маҳз бо мақсади пурзўр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд. Мувофиқи муқаррароти Конститутсия, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия хисоб шуда, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкорони онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

 Ҳамзамон, қайд гардид, ки "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст буда, имрӯз мо метавонем бо сарбаландию ифтихор эълон намоем, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати мустақил барпо шуд ва ҳамчун воқеияти устувори таърихию сиёсӣ доир гашт.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.