Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар ҳамкорӣ бо кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров», санаи 12.03.2020 дар толори хурди Раёсати Донишгоҳи мазкур бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, семинари илмӣ - назариявӣ таҳти унвони «Тоҷикистон -пешоҳанги масоили ҳифзи об дар ҷаҳон» баргузор намуд. Дар кори семинар устодону донишҷӯён иштирок карда, аз ҷониби сармутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, магистранти соли аввали ихтисоси «Экологияи умумӣ» барои иштирокдорон баромадҳо дар мавзӯҳои «Пешвои миллат – асосгузори дипломатияи об дар ҷаҳон», «Ҳолати кунунии истифодаи захираҳои об дар вилояти Суғд» ва «Мавқеи тозанамоии партовобҳо дар беҳдошти муҳити зист» пешниҳод гардид.
Рафти семинар бо донишҷӯён музокира дар бораи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тағйир ёфтани иқлим, ҳолати пиряхҳо, «Энергияи сабз», «Иқтисоди сабз», эълон гардидани солҳои 2020 -2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», инчунин баланд бардоштани дониш ва маърифати экологӣ, хусусан ҷавонон сурат гирифт.