Маданияти экологӣ– таъмини ҳаёти солими насли оянда

Ҳамасола санаи 15 – апрелро дӯстдорони табиат чун Рӯзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ таҷлил менамоянд. Муҳим будани дониши экологӣ дар замони муосир яке аз ҷабҳаҳои муҳим дар таълим ва тарбия маҳсуб меёбад. Зеро фаъолият дар пеш бурдани маърифати экологии аҳолӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбати муҳити зист – ин кафолати  ояндаи солим барои инсон мебошад. Бахшида ба Рӯзи  дониши экологӣ санаи 15 апрел дар  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи умумии  № 6  ба  номи  А.Рудакии ш.Хуҷанд дарси экология таҳти роҳбарии  омӯзгор Зиёбоева С. дар синфи 9 ба ин мавзуъ бахшида шуд.  Дар он  сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Меликбоева Ш., сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд Дӯсматов А. ва сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ш.Хуҷанд  Сангинова М. иштирок доштанд.

Хонандагон дар рафти дарс бахшида ба ҳифзи муҳити зист, ҳифз ва оқилона истифода бурдани об, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба табиат,  гуфтаҳои олимон ва шеърҳоро дар васфи табиат қироат намуданд.  Намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр низ оид ба баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои экологӣ, оид ба нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 26.12.2019 баён гардидаанд, вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”  баромад намуданд.  

 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.