Мувофиқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади пешбурди фаъолият дар самти иттилоот ва маориф, бахшида ба санаи 15 апрел – Рўзи умумиҷаҳонии донишҳои экологӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ш.Хуҷанд санаи 14 апрел вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо омӯзгорони фанни экология ва биология, хонандагони мактаб ва донишҷўёни факултети геоэкологияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ аз ҷониби омўзгори мактаб аз фанни экология баромад намуда, оид ба иштироки хонандагони муассиса дар ҳифзи муҳити зист ва аксияњои экологии баргузор мегардида, изҳори ақида намуд. Баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии ҷавонон аз тарафи намояндаи раёсат дар бораи ин санаи муҳими экологӣ, вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои об, ҳифзи ҳавои атмосфера,газҳои гулхонаӣ ва таъсири он ба тағйирёбии иқлим, дар бораи муомилот бо партовҳои истеъмолӣ, парандаи соли 2020,нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ баромад пешкаши иштирокчиён гардид.
Боиси қайд аст, ки пас аз суханронӣ ҳангоми ба амал омадани саволу ҷавоб ба хонандагон дар бораи Барномаҳои давлатии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ қабул ва амалӣ гардида, ҷаримабандиҳо дар асосӣКодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашрияҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – рўзномаи «Инсон ва табиат» ва маҷаллаи илмӣ – оммавии «Ҳифзи табиат», умуман мавқеи тарбия ва маърифати экологӣ маълумот дода шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба китобхонаи муассисаи таълимии мазкур Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маводи экологӣ тақдим гардид.
- Кликните, чтобы открыть изображение! Кликните, чтобы открыть изображение!
- Кликните, чтобы открыть изображение! Кликните, чтобы открыть изображение!
- Кликните, чтобы открыть изображение! Кликните, чтобы открыть изображение!
https://ecosugd.tj/en/news/545-vbmtu14eco042020.html#sigProGalleriaf191f6641b