Санаи 5 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ҷаласаи ҷамъбастӣ бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ва намоянда аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ – мудири бахши кишоварзии дастгоҳи Раиси вилоят Абдуллоев Ф. баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсат Нӯъмонзода Т. оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис, ки ҷамъбасти фаъолият ва вазифаҳои минбаъда иборат буд, шинос намуд. Бо маърӯзаи ҳисоботӣ сардори Раёсат бобати бурду бохти фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ин давра баҳри пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини риояи қонуну қоидаҳои қабулгардида дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, манбаъҳои об, замин ва маърифати экологӣ нисбати ҳамин давраи соли сипарӣ натиҷаҳои хубро муваффақ гардиданд.
Лекин ҳанӯз бобати таъмини пурраи нақшаҳои дар пешбуда ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо муаммоҳо ҷой доранд.
Дар ҷаласа Раиси Кумита фаъолияти хуби бахшҳои шаҳру ноҳияҳои Ашт, Панҷакент, Айнӣ, Конибодом ва Хуҷандро қайд намуд.