Натиҷаҳои амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ дар моҳи майи соли 2020

Дар асоси фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 31.03.2020, №18 «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2020» аз санаи 1 апрел то 15 июни соли чорӣ дар обанборҳо ва дарёҳои ҳудуди вилоят сайди моҳи маън карда шуда буд. Бо мақсади муҳофизат ва нигаҳдории захираҳои моҳӣ ва фароҳам овардани шароит ба рафти афзоиши табиӣ, ҳамчунин пешгирии қонунвайронкуниҳо дар давраи тухмгузории моҳиҳо, Ситод вилоятӣ дар ҳайати 14 нафар, нозирони давлатии шуъба ва зерсохторҳои раёсат ҷиҳати пурзўр намудани назорати давлатӣ, иҷрои нақшаи чорабиниҳои якҷоя оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ корбарӣ намуданд.

 Дар давоми моҳи майи соли равон аз тарафи нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят дар обанборҳои ҳавзаи Сирдарё, аз ҷумла обанбори Баҳри Тоҷик 111 маротиба амалиёти фаврии шабонарўзӣ гузаронида, дар натиҷа 84 санади азназаргузаронӣ ва 40 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд, ки маблағи ҷаримаи басташуда - 2436 сомонӣ ва зарари муқарраргардида - 870 сомониро ташкил намуд.

Ҳамзамон, дар ин давра 6 мавод ба прокуратура ва 6 адад хулосаи Ихтиологӣ оид ба сайди ғайриқонунии моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ аз ҷониби мутахассисони раёсат пешниҳод гардид.

Инчунин, 7,5 ҳазор метр тўрҳои аз об бароварда тариқи сўзонидан несту нобуд гардида, 2 адад қаиқи резинӣ муваққатан боздошт карда шуд.

Боиси қайд аст, ки корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ ва ҳавасмандони моҳидорӣ 15 маротиба гузаронида, 2 барнома дар телевизион, аз ҷумла дар шабакаи «Точикистон» оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2020 пешкаши тамошобинон гардид.

 

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/567-hifzizahirimohi062020.html#sigProGalleriaf5169ad2ef
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.