Бахшида ба 15 апрел – Рӯзи донишҳои экологӣ, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии мутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо донишҷӯён ва устодон доир гардид. Дар вохӯрӣ бобати тағъир ёфтани иқлим, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъсири рушди иқтисодиёт ба захираҳои табиӣ ва ифлосшавии муҳити зист, зарурати рушди маърифати экологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор, татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ ва мақсадҳои асосии қабул шудани онҳо баромадҳо шунида шуданд.
Дар рафти вохӯрӣ донишҷӯён оиди муаммоҳои экологии ҷойдошта, роҳҳои ҳалли онҳо, ҳамчунин пешниҳоду дархостҳо нисбати беҳдошти муҳити зист изҳори ақида намуданд. Ҳамзамон иштирокдорони вохӯрӣ ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.