Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, минтақаи ноҳияи Деваштич амалиёти фаврӣ гузарониданд. Мақсади асосии баргузории амалиёти мазкур ин пешгирии фурўши ғайриқонунии ҳайвоноти нодир, аз ҷумла мори печони шарқӣ, хорпуштак ва сангпушт мебошад. Ҳамзамон, амалиёти фаврӣ дар ҳудуди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Г.П. Мусоеви ноҳияи Деваштич оид ба ошкор намудани буриши ғайриқонунии дарахтони арча, шикори ғайриқонунӣ, чаронидани чорво дар ҳудуди чарогоҳҳои хоҷагии ҷангал ва дигар қонунвайронкуниҳо гузаронида шуд.
Боиси қайд аст, ки ҳангоми гузаронидани амалиёт дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои байни минтақаҳои аҳолинишини ноҳия баҳри пешгирии касалии коронавирус COVID – 19 дар байни истиқоматкунандагони деҳаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ гардид.
- Кликните, чтобы открыть изображение! Кликните, чтобы открыть изображение!

https://ecosugd.tj/en/news/584-reydishnabotot062020.html#sigProGalleria465bd3f00b