Мониторинги ҳолати радиатсионӣ дар вилояти Суғд

 Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тибқи нақшаи корӣ мунтазам, ҷиҳати муайян намудани сатҳи радиатсонӣ дар партовгоҳхои радиофаъол, ченкунии гамма - афканишоти радионуклидҳои табииро мегузаронад. Аз он ҷумла, дар давоми соли равон дар шаҳрҳои Хуҷанд - 11 нуқта, Бўстон - 6 нуқта, Истиқлол - 11 нуқта ва ноҳияи Б.Ғафуров дар 11 нуқта мониторинги гамма – афканишоти радионуклидҳои табиӣ гузаронида шуд, ки сатҳи он аз меъёри муқарраргардида зиёд ба қайд нарасид. Бо мақсади ба ҳолати бехавф овардани партовгоҳҳои радиоактивииКВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», «Барномаи тадбиқи Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2016-2024» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардида буд.

   Ҳадаф ва вазифаҳои асосии Барномаи мазкур ин таъмин намудани амнияти зисти аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист дар минтақаи таъсири объектҳои мероси саноати уран, муҳайё намудани шароити рушди устувори иқтисодии маҳалҳои ҷойгиршавӣ, такмил ва ҳамоҳангсозии заминаи қонунгузорӣ ва меъёрии идоракунии амният ва солимгардонӣ, ба вуҷуд овардани низоми самараноки назорати бехатарии муомилот бо партовҳои коркарди маъданҳои уранӣ ва идоракунии дарозмуддати бехатари майдонҳои объектҳои мероси уранӣ мебошанд. Мутахассисони раёсат ҷиҳати назорати давлатии ҳолати радиатсионӣ – гигиении минтақаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла минтақаҳои наздисарҳадӣ мунтазам корбарӣ менамояд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.