Семинари омӯзишӣ дар самти қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист

 Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи супориши раиси Кумита Шерализода Б.А. дар  Маркази  бозомӯзии шаҳри Гулистон  бо  иштироки сардорони шуъбаҳои Кумита Судуров С., Шукуров И., Мардонов М., Шамсиддинов Х. семинари бозомӯзӣ доир гардида, дар он кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист иштирок доштанд. Рафти семинар оид ба қоидаҳои  гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар мақомоти ҳифзи муҳити зист, моҳияти кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2020, № 1668 ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тибқи талаботи моддаи 27 кодекси мазкур доир ба пешбурди назорати давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об, пешбурди назорати давлатӣ дар самти ҳифзи замин, КФМУ ва муомилот бо партовҳо ва тартиби ҳисоб намудани пардохтҳо, риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи олами набототу

ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, моҳияти қонунгузорӣ «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» оид ба танзими партовҳо ба ҳавои атмосфера ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», тартиби дурусти ҳисоб намудани пардохту зарар ва бастани ҷарима  дар самти захираҳои об тибқи қонунгузории амалкунанда, тарзи дурусти барӯйхатгирии истифодабарандагони махсуси об ва партовҳои обӣ дар субъектҳои соҳибкорӣ ва ғайрисоҳибкорӣ, инчунин мусоидат намудани субъектҳои хоҷагидор ҷиҳати гирифтани иҷозат тариқи электронӣ, инвентаризатсияи табиатистифодабарандагон ва пешниҳод намудани рӯйхати субъектҳои хоҷагидор барои солҳои 2020-2021, тартиби пешниҳоди маълумот оид ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ шунида шуд. Пас аз муҳокимаронӣ ва саволу ҷавоб аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят як қатор дархостҳо, ки барои пешбурди фаъолият мусоидат менамояд, пешниҳод карда шуд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/622-seminaribozumuzi082020.html#sigProGalleriaee47e3c2cc
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.