Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 27 июли соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввал доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Ризқофарин», «Паёми Суғд», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс», «Сугднюс», «Спутник», «Фараж», телевизионҳои ШТР «Азия», ТВ Суғд, дар маҷмўъ 17 нафар намояндагони ВАО иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар нимсолаи якуми соли 2020 дастрас гардид.
Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба ҳолати экологии вилоят, таъсири корхонаҳои наздисарҳадӣ ба ҳавои атмофера, натиҷаҳои гузаронидани маъракаи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи манъи сайди моҳӣ, муҳимияти гузаронидани аксияҳои экологӣ, ҳолати партовгоҳи Рухак ва чораҳои андешида нисбати он, бӯи ғализ дар маҳаллаҳои 3, 8, 12 ва 13, ки моҳҳои охир аҳолиро ба ташвиш овардааст, сатҳи радиатсия дар вилоят, таъсири партовгоҳҳои радиофаъол ва дигар масъалахои ташвишовар дар самти ҳифзи муҳити зист ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.