Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт дар роҳи асосии Хуҷанд – Шайдон шиори экологӣ бо андозаи 2х 4 метр, бо навиштаҷоти «Ҳифзи табиат – ҳифзи Ватан аст» насб карда шуд. Насби дигар шиорҳои экологӣ дар минтақаҳои гуногуни ноҳия дар назар аст.
Add comment