Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Спитамен

 Дар ноҳияи Спитамен бо мақсади пешбурди сиёсати экологӣ ду чорабинӣ – яке амалиёти «Ҳавои тоза» ва аксияи «Тозагии маҳал» бо ҷалби ҷавонони маркази ноҳия гузаронида шуд. Якҷоя бо мутахассисони шуъбаи назорати таҳлилии раёсат ва нозирони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен тибқи нақшаи пешбинигардида амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Дар натиҷа, дар давоми амалиёт зиёда аз 40 адад нақлиёти гуногунтамға аз ченкунӣ гузаронида шуда, дараҷаи ифлоскунии ҳавои атмосфера бо партови моддаҳои зараровар муайян гардид. Боиси қайд аст, ки пас аз ислоҳ ченкунии дубораи 7 адад нақлиёт баргузор гардида, нисбати 4 нафар ронанда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

   Дар баробари ин, дар ноҳия аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки оммаи васеъ гузаронида шуд. Марказҳои ҷамоати шаҳраку деҳот ва худи ноҳия аз партовҳо, аз чумла партовҳои пластикӣ ва хазон (барги хушк) тоза гардид. Зиёда аз 420 нафар сокинони ноҳия дар аксия иштирок карда, корҳои тоза намудани ҷўйбор, рўбучини роҳравҳо ва маҳали зист ба сомон расид. Дар натиҷа беш аз 20 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/684-atmns102020.html#sigProGalleria544659e239
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.