Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷлиси назди муовини сардори раёсат барои кормандону мутахассисони ҷавони мақомот баромад ташкил гардид. Зимни баромад қайд карда шуд, ки пешбурд ва татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар моддаи 13-и Конститутсия омадааст: «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ истиснои давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад». Тибқи моддаи 44 Конститутсияи ҶТ «Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст». Дар рафти маҷлис байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, бобати ин дастоварди бузурги даврони Истиқлолият, дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон иброз гардид.
Конститутсия – роҳнамои имрӯзу фардои давлату миллат
Add comment